Home Page

Ruzi Nav, # 16, 22 April 2004

ФЕНОМЕНИ ЧУПОНБАЧА

Чашни Иди Наврузи оламафруз. Баранда ракси ╚чупонбача╩-ро эълон менамояду тамошобинон бо шавк кафкуби мекунанд. Писараки аз олам бехабар бо шавки беандоза ба ракс мепардозад. Харакатхои чолиб, озодии комил хангоми раксидан ва симои чаззобаш бинандагонро мафтуни ракси у менамояд. Рафики дар шафатам истода то ба охири ракс токат карда натавониста, фавран таассуроташро пичирросзанон ба гуши ман мегуяд: ╚шунидам, ки ракси ин писарак яке аз калонхои вилоятро дар маъракае ончунон мутаасир гардонидааст, ки кариб 1.000 доллари амрикоиро ба сари у пош додааст╩┘

Дар хакикат хам писарак кобилияти фавкулоддаи раккоси дорад, ки хатто тамошобини катори низ онро ба осони дарк месозад. Ва ходисаи ин пулборонро хар кас ба таври худ шарх медихад. Яке мегуяд, ки ин миннатдори аз хунари фавкулодда аст. Дигари онро чун дастгирии истеъдоди чавон ном мебарад. Саввуми онро намоишкории ╚калон╩ ва чахоруми ин кадамро хамчун ╚чавонмардиву некхохии калон╩ маънидод месозанд.

Суханони халаломези нафари хамшафатам кайфияти тамошобиниамро ба кули вайрон намуда буд. Ба хотирам омад, ки вактхои охир дар хама чо, хам макотиби тахсилоти хамагони ва хам богчахои бачагона таклидкорона ин раксро ба сахна мегузоранд. Писаракон чомаи бекасаб пушида худро чупон хис мекунанд. Духтаракон ба ╚чупонон╩ об овардаву мафтуни онхо мегарданд. Волидон аз кирдори фарзандони худ фахр месозанд. ╚Чи чупони зебое!╩ - нидо мекунад модари ╚чупонбача╩┘ Бар замми ин хама Файзигул ╚Дар майдон дехконбача╩-ро бо оханги маргуби ракси месарояду хаёл мекунам, ки эхсоси ╚дехконбача-чупонбача╩ будан тамоми чомеаро саросар фаро мегирад. Хама чупонбача будан мехоханд! Аниктараш, чупонбача рамаи мафтунро мохирона идора месозад. Чи дахшат!

Аз хаёлоти магшуш худро барканор кашида, мехохам ба дунёи вокеии наврузи баргардам. Чашмам ба ╚калон╩ меафтад. У ва моилонаш сархуши тамошои раксанд. Бесабаб ин номераро дар аввали намоиш чой надодаанд. Охир ╚калон╩ онро хуш дорад! Шайтони нобовариву бадгумони ба гушам пичиррос мезанад, ки шояд худи ╚калон╩ прообрази чупонбача дар сахнаи хунар бошад. Ва боз ба хотирам вокеаи ╚пулборон╩ меояду хулосаам нисбати амали ╚калон╩ ба кулли дигар мешавад. На ончуноне, ки авваливу дуввумиву саввумиву чахоруми маънидод намуда буданд. Назди чашмонам ╚чупонбача╩-и сахна ва ╚калон╩-и вокеи бо навбат падидор мегарданду аз ин шабохат дар хайрат мемонам┘

┘ Чупонбача бо шаст ба майдон меояд┘

┘ Калонро низ ончунон башасту бехотир ╚таъин╩ менамоянд, ки дахони хелехо ба кавле ╚воз мемонад╩. Хангоме, ки хамагон аз хайрат чи кор карданашонро намедонанд, Калон лачоми идораро ба даст гирифта, чапу рост ба махмеззани шуруъ менамояд┘

┘ Чупонбача, ки сохиби мутлаки рама аст, раксон ба шуморидани он шуруъ менамояд┘

┘ Калон баробари ба кудрат комёб шуданаш тамоми мулкашро якояк аз назар мегузаронад. То донад, ки аз ин мулк ва раъияти аз кашмакашихо шалпар чи кадар фоида ба даст оварданаш мумкин аст...

┘ Чупонбача мушохида менамояд, ки як гусфандаш кам аст ва ба ╚кофтан╩-и он шуруъ менамояд┘

┘ Калон барои ба мардум ╚дилсузи╩-и худро нишон додан эълон менамояд, ки аз Калони пештара одилтар аст, максадаш пулчамъкуниву хонасози нест ва порахуронро ба чояшон шинонда мемонад. Хатман бахри манфиатхои мардумаш чоннисорихо хохад намуд┘

┘ Чупонбача гусфанди гумкардаашро якбора меёбад ва ба сахна намоишкорона назар медузад : ╚дидед, чи гуна зурам!╩. Ва сархуши муваффакият раксашро идома медихад┘

┘ Калон бесухан аз лаббайгуяконаш талаб месозад, ки уро реклама кунанд ва симову садо бахсмабахс бахри амали сохтани ин орзуи Калон мепардозанд. То он дарача, ки симову садои Калон ба дили тамошобину шунаванда мезанаду онхоро водор месозанд то канали дигарро тоб диханд. Калон бошад, хар бегох намоишу барномахоро ба пурраги аз назар гузаронида, гуё кори дигари мухимтаре надошта бошад, пагохи хар руз муносибати худро нисбати ину он барнома иброз медорад. Вазъиятро то он андоза ба фоидаи худ мутобик месозад, ки журналистони телевизион ва радиои давлати танхову танхо бахри у барнома месозанду филмхо тахия менамоянд┘

┘ ┘ Чупонбача саршумори гусфандонашро зиёд мекунад ва бахри пурра идора карда тавонистани рама хешу таборашро ба ёри даъват менамояд┘ ┘

┘ Калон низ аз катор намонда, амалхои чупонбачаро такрор месозад. Акнун хешу акрабои уро дар хама чо дидан мумкин. Аммабачаи занаш касеро дар ин шахр гапзани намемонад. Хамсинфон, ёру ошнохои даврони кудаки, додарарусон, бочахо ва думи харакхо низ сохиби вазифа мегарданд. Хатто домоди хамсояи акояш пас аз хароб сохтани як колхози калон раиси як нохияи сердаромад таъин мегардад. Новобаста ба он ки мардум-рама онхоро чи гуна кабул месозад. ╚Эътироф накарда кучо хам мешуд, ин мардуми ношукр!╩ - фикр мекунад Калон...

┘ ┘ Чупонбача, ки ба идора намудани рамаи калон тайёр нест, сархисоби гусфандонашро гум мекунад. Хешу табораш хар кадоме бо сари худ ба кир кардани рама мепардозанд┘ ┘

┘ Хешу табори Калон ва шахсони ╚ба боварии у даромада╩ аз шароити мусоид истифода намуда, корхонахои давлатиро байни худ гайридавлати мегардонанд. Корхонаи 1 миллион доллар нарх доштаро ба 110.000 Сомони ╚хусуси╩ мегардонанд, корхонаи дигари ба ╚ауксион╩ гузоштаро, ки нархи ибтидоияш 500.000 аст, бар ивази 350.000 ╚мехаранд╩. Халк аз тарс байни хамдигар пичирросзанон мегуяд: ╚Ин кадар пула аз кучо меёфта бошанд?╩ Ва гайраву хоказо┘

┘ ┘ Чупонбача сару калобаашро гум мекунад. Чарогохи хушкидааш ба саршумори гусфандонаш мувофик нест. Рамаи аз гуруснаги ба шур омада ва харобу логар шигу симхорхоро убур карда, бо максади шикамчалони ба чарогоххои хамсоя сар мехалонад. Чупонбачаи беномус инро дидаву дониста дарвозахояшро касдан кушода мемонад то рамааш аз дигар чохо чарида шикамашро сер карда биёяд ва бо ин васила барои у-и сарсахт фоида биёрад┘ ┘

┘ Калон ба хуби сарфахм меравад, ки мардуми гуруснааш бо 7 Сомони маош руз гузаронида наметавонад. Кушодани хатхои мусофиркашро ба хама самтхои имкондошта тавассути хавову замин ичозат медихад ва хатто дар ВАО-и давлатиаш хар замон эълон мекунад: ╚Хатхои сайри бехатар кушода!╩. Ахолии тавассути ин ╚хатхои сайри бехатар╩ ба ╚саёхат╩ рафта, гохо бо лабу лунчи овезон ва хамон эзори дарида, ва хатто гохо даруни ╚сандуки чубин╩ ба Ватан, назди оилахои сарсону саргардонашон бармегарданд. Калон бошад дар кушки гарму нармаш ба курсии мулоим фуру рафта, пинакашро вайрон намекунад. Гох-гох эълон менамояд, ки ба мардумаш хубихои зиёде кардааст. Бо савлат ба экран нигариста мегуяд: ╚Магар дар давраи Шурави метавонистед чунин озодона чахонро сайр намоед?!╩┘

┘ Боз кушиш мекунам то ба худ оям. Дигар ракси ╚чупонбача╩, ки дарвокеъ хам чолиб аст, диккатамро ба худ намекашад. Ба атроф назар меандозам. Зани дехотинамое, ки либосхои ╚саврименни╩ ба бар дорад, дар шафати 4 милисионери хузарб, ки шояд тартиботро назорат менамоянд, рост истода, бо хамрохии писарбачаи тахминан 12 солааш ╚семичка╩-ро хоидаву бахузур ба атроф туф доранд. Пучоки оби дахнолуда ба руи атрофиён бармехурад. Вакте ёдрас менамоям, ки ин чои чамъияти аст ва хузури дигаронро ба инобат гирад, бепарвоёна мегуяд: ╚Хай чи, ма касдан накардум, просто шамол мебара╩ ва амалашро давом медихад. Боз чашмам ба ╚калон╩ бармехурад. Галстукаш таранг бастаги дар ихотаи хушомадгуёну маддохонаш бахузур аз тамошои ракси чупонбача халоват бурда истодааст. Охиста дар худи ибтидои намоиш тамошогохро тарк мегуям ва ба ╚шарофат╩-и ин ╚кахр╩-и ман ду писарбачаи хурдсолам аз тамошои намоиши рангоранги идона бебахра мемонанд.

Рахорах худ ба худ меандешам ва аз писараки дуструяке, ки бо эхсоси баланд ракси ╚чупонбача╩-ро ичро менамояд, гоибона узр мепурсам.: ╚Ай бародари хурдакаки дидадарое, ки бо раксат хамаро мафтун намудаи! Шояд ту харгиз нияти дар он ракси мавзунат тачассум намудани чунин чупонхои ноухдабарову чоплусро надошти. Бешак ин махсули парвози хаёлоти навмедонаи ман буд, ки чунин ракси дилкашу бо мехнати зиёд ба сахна овардаатро ба вокеияти дардолуди имруза ташбех кардам. Шояд дар дили кучаки бегашат бехтарин орзухои инсониро гунчоиш додаву хамаро бо ин амалат хушбахт кардан мехохи. Вале мани сарсахт аз он лахзае, ки образи ичронамудаи туи дилфиребро бо хамон ╚калон╩-и дар асл хеле ночиз мукоиса намудам, дигар ёрои тамошои раксатро надоштам╩.

Ва аз он, ки худ ва атрофиёнамро ба рама шабохат додам, хеле хориам омад┘

Юсуф Махмадов

 

You may find us at: 94/27 Aini Str. Kurghonteppa 735140 Tajikistan Tel: (992 3222) 2 54 54
E-mail yusufifaizali@yahoo.com
Программа расширения доступа и обучения в Интернет (IATP) - это программа Бюро по вопросам образования и культуры (ECA) Госдепартамента США, финансируемая в рамках Акта в поддержку свободы (FSA). IATP администрируется Советом по международным исследованиям и обменам (IREX).