Home Page

Ruzi Nav, # 16, 20 November 2003

МУШТИПАР
(Ё мочарои бисёрникохи)

...Бисёрникохи манъ аст. Моддаи 33, Сарконуни Чумхурии Точикистон

Хукуки занро хама санадхои хукуки химоя мекунанд ва, хамзамон, касе бар дифои он омода нест.

 

Аз рузе, ки ин зан бо шикояти худ ташриф овард, чанд мох сипари гардид. Аз як тараф, он шикоят низ набуда, бештар ба дарди дил кардан шабохат дошт. Аз ман чизи зиёде талаб накард; танхо мехост то ба охири хикояташ гуш дихам. Дар назари аввал у зани мукаррарие менамуд, ки бо амри такдир соле чанд бо сохибмансабе зиндагии занушавхари намуда, пас аз навмедихои зиёд сохиби як писарак гардидааст. Имруз шавхараш бо зан(он)и дигаре паймони ёри баставу уро дигар намехохад.

Шояд хонанда ба худ савол дихад: Хайр чи? Дар зиндаги хама чи шуданаш мумкин. Дар гирду атроф даххо мисоли ба ин монандро пайдо намуда метавон. На! Ин занро чизи дигаре тазъик медод. Чизе, ки у онро возеху равшан баён сохта наметавонист. Чизе, ки як лахза хам оромаш намегузошт. Чизе, ки ба шарафи инсониаш фишор меовард. Чизе, ки имконаш намедод таслим шаваду хамаро ба амри такдир хавола созад. Чизе, ки ба касос гирифтан водораш менамуд┘

Аламаш аз он меафзуд, ки новобаста ба пуртокатии аз хад зиёдаш дарахти сабурияш боровар нагашт. Баръакс, шавхараш - намояндаи макомоти хифзи хукук ба саволи у, ки мегуфт ╚Наход коргари прокуратураи нохия ба конуншикани рох дихад?╩ бо кибру гурур чунин посух дод: ╚Ба кучое хохи, шикоят кардан гир. Аздусар касе ба имдодат намерасад. Конун дар дасти ман аст╩. Ва вараки сафедеро бо даст нишон дода илова намуд: ╚Агар хохам онро сиёх мегуям╩. Дунё ба назари Захро тор гашт. Аввалин бор ба кудрати худ шубха кард. Эхсос намуд, ки мукобили шавхари дар сохаи хукук тачрибадораш мубориза бурдан душвор хохад буд. Аз тарафи дигар макомоти хифзи хукук ва баробарии конунии марду занро ба хотир оварда, карор дод таслим нашавад.

Ба раиси суди нохия ба таври хатти мурочиат намуд. Умедвор буд, ки зан занро мефахмад. Вале навмедии бештаре вучудашро фарогир шуд вакте раиси суд шикояти уро аз дасташ нагирифта, руирост коил шуд: ╚Медонам, хак бар чониби туст. Уро барои конуншиканиаш чазо додан лозим аст, вале мо дар як нохия кор мекунем. Илова бар он, зури ман ба у намерасад╩. Ва ба Захро маслихат дод то ба Прокуратураи вилоят мурочиат намояд. Муфаттиши Прокуратураи вилоят, ки бо шавхараш шинос буд, тахкиромез ба у нигариста чунин посух дод: ╚Уро тухмат мекуни. Вактатро бехуда сарф накун. Ман худам шохиди медихам, ки Зафаров факат як зани конуни дорад. Хама занхои дигаре, ки даъвои хамсари у буданро мекунанд, занхои кучагианд╩.

Ба сари Захро гуё оби сард рехт он химоятгари хукукхои шахрвандон. Ба хотир овард рузхои аввали зиндагии якчояашонро. Шавхараш бахонахои зиёдро пеш оварда, расман ба кайд гирифтани никохашонро кафо мепартофт. ╚Баъди фарзанддор шудан никохамонро ба кайд хохем гирифт╩. Захро ба у бовар мекард ва зиндагиашонро давом медоданд. Фарзанд бошад, ба осони ба даст намеомад. Баъди панч маротиба бача партофтан Захроро насиб гашт то тифли дуструяшро ба даст гирад. Хушбахт буд аз он ки охири охирон шарафи модари насибаш гардид, вале хамзамон берузи мешумурд худро, зеро шавхараш ба болои у аллакай зани дуюм гирифта, аз у сохиби духтарчае гардида буд. Ба болои сухта намакоб, шавхараш хатто ба табрики у наомад. Дертар бошад, хабар ёфт, ки прокурори сохибэхтиром хамазамон зани сеюм низ дошта.

Тифли навзод дар даст Захро рохи хонаи хусурашро пеш гирифт. Умедвор буд, ки бемехрии Зафаров бо дидани писарчааш рафъ мешавад. Бале, Захро ба хотири писараш холи хозир рози буд бо вазъияти рухдода муросо кунад, яъне бо сезанагии шавхари хукукшиносаш. Хайхот, ки чунин нашуд. Зани дуввум, ки хукукхои худро бехтар медонист ва ё, шояд, зиндаги ба ин водораш намуда буд, пешдасти намуда, ба мухофизати никохи конунигардонидааш баромад. Захро шаллок хурда, бо сару руи хуншор рохи беморхонаро пеш гирифт. Аз экспертизаи тибби низ тасдикнома гирифту, ба хулосае омад, ки дигар мадори гузашт кардан надорад. Ба зани саввум таклифи хамкори намуд. У гуфт омода аст шохиди дихад, ки прокурор хамзамон уро хам ба никохаш дароварда буду холо сурогаш намекунад. Хатто инро хатти навишт.

Хама хуччатхои лозими тахт гаштанду саргардонихои Захрои муштипар огоз. Бале, махз ╚муштипар╩. Зеро у худ дарк менамуд, ки аз муште пар курби бештаре надоштааст. Ва занро ачдодони мо бехуда ба ин ашёи бевазн ташбех надодаанд. Новобаста ба ин тарбияи хозиразамон ки дида буд, намехост ба ин ибораи кухна бовар намояд. Намехост чун мушти паре бошад дар чанголи бод. Ва Захро кушид то аз хукукхои хеш дифоъ намояд.

Новобаста ба нокомихои давраи аввал (суди нохия ва прокуратураи вилояти) Захро ба идораи болотар - Прокуратураи Генералии Чумхурии Точикистон мурочиат намуд. Боз хам чавобаш доданд, ки шикояташ асосе надорад. Ин то як андоза дуруст буд. Зеро никохи байни Захро ва Зафаров дар хакикат хам ба расмият дароварда нашуда буд новобаста аз он, ки туйи калон ороста, дустони зиёдеро даъват намуда буданд. Фитаи сабти рузи никохашон низ дастгираш нагардид. Ин хама асос шуд, ки ба далелхои дигари дар даст доштааш сатхи назар андохта, чавоби раддаш бидиханд.

Тасодуфан ба дасташ сурогаи як созмони гайридавлати афтод, ки бо мухофизати хукуки занон сару кор дошт ва барои ин аз фондхои байналхалки ёрии молияви мегирифт. Ду маротиба саргардон шуда ба Душанбе рафта омад. Дар аввал ба хуччатхои дар даст доштааш нигариста ва ба cуханрониаш гуш намуда, ваъда доданд, ки ёриаш медиханд. Гуфтанд, ки дар хусуси рохкирояш парво накунад, хатман чуброн мекунанд. Хурсанд шуд Захро. ╚Охир хастанд нафароне, ки чазои занчаллобро диханд╩ - аз дил мегузаронд хангоми аз дафтари он созмон баромаданаш. Махсусан ба у муносибати ходимони он даргох, ки хар замон ╚чони (шояд шакли кутохи ╚чонакам╩ бошад √ муаллиф), инту кунед, чони хамааш хуб мешуд╩ мегуфтанд, хуш омада буд.

Вакте дафъаи дуюм дар рузи ваъдаги ба Душанбе омад, хама умедаш аз нав чун мушти паре ба бод рафт. ╚Равед, мо ба шумо ёри дода наметавонем. Ман хаёл намудам, ки никохатон ба расмият дароварда шудааст. Илова бар он, дар нусхаи хуччати раддия, ки шумо пешниход намудед, имзои худи прокурори генерали гузошта шудааст╩. Захрои саргум кушид эътироз намояд. Гуфтанд: ╚Равед, равед, мо вакти ба шумо гуш кардан надорем. Холи шумо ёш, боз шавхар кунед. Намудатон нагзакак, мегиранд шумоя╩. Ба хотири Захро ╚маслихат╩-и муфаттиши прокуратураи вилоят омад, ки сари гап мегуфт: ╚Думи хаму Зафарова гирифта мегарди. Бра, холи ёши, ягон мардаки дига мегират╩. ╚Охир ман шавхаркоби наомадаам...╩ гап дар гулуи Захро монд. Муносибати занони халим ба кулли тагйир ёфта буд. ╚Акаллан чуброни рохкироямро дихед. Ваъда карда ...╩ ╚Шумо чудо шилкин будед, - бурид гапи Захроро он зан, - мо пула ба адвокате медихем, ки хукукхои шумоя хифз карда буд╩.

Захро ба назди муаллифи макола, ки аз саргардонихояш вокиф буд, омада, вокеахои рузхои охир рухдодаро накл кард ва мадад пурсид. Дар хакикат, чи кор карданамро надониста, гушаки телефонро гирифтаму ба хамон созмони гайридавлатии барои хифзи хукуки занон махсус гардонидашуда занг задам. Овози халими сарвари он корхонаро шунидам, ки мегуфт: ╚Чони, мо хамаги як ташкилоти гайрихукумати хастему халос. Модоме, ки прокуратураи генерали чавоби рад додааст, мо хеч кор карда наметавонем╩. ╚Ки метавонад ба у ёрии амали расонад?╩ - пурсидам бо умеди он ки сари риштаеро пайдо намуда ба дасти Захро дихам. ╚Ба рости, намедонам. Инро бояд пеш аз шавхар карданаш фикр мекард. Намефахмам, чи тавр одами маълумотдор рози шудааст, ки бе кайди давлати ба шавхар барояд...╩ ва серкориро бахона карда, гушаки телефонро гузошт.

Дар холати номуайян будам дар мукобили ин муаммои сарбаста. Аз як тараф, хузури зане бо хукукхои поймолгардидааш, аз чониби дигар ╚гайриимкон╩ будани дастгирии чунин ашхос майнаамро гич мекард. Захро холатамро пай бурд магар, ки гуфт: ╚Аз ин мебарояд, ки касе ба ман имдод карда наметавонад. Гуфта будандам, ки бехуда надав, конун нест, ва ё агар бошад хам, зидди мансабдори хифзи хукук коре карда наметавони. Мани беакл бошам умед доштам, ки бо халли ин мушкили чашми баъзе мардхои бисёрзанаро кушода, ба зумраи занони дуюму сеюм ва гайрирасми дарси ибрат мешавам╩. Инро гуфту рафт. Тасаввур намудани он ифодаи маъюси, нотавони ва навмедие, ки дар чашмонаш зохир буд, аз имкон берун аст.

У рафту маро бо тахайюлоти печдарпеч танхо гузошт. Вокеаро аз сар то ба по пеши назари овардаму ду холат бароям аён гардид: 1) бисёранд заноне, ки тавассути никохи шаръи оила барпо намуда, солхо ба сар мебаранд. Сохиби фарзандхо гардида, дар холи вайроншавии оила сарбории падару модар ё хешони наздик мегарданд. Яъне ба маънои томаш сарсону саргардон мешаванд. То дарачае, ки хатто макомоти хифзи хукук ба онхо кумак расонида наметавонад. Ва, хамзамон, 2) оё шунидаед, ки мансабдоре барои бисёрзанагиаш чазо дидааст? Ман нашунидаам. Харчанд, ки бисёранд дар атрофи мо чунин ашхос. Новобаста аз он, ки конунхои чумхурии хукукбунёдамон бисёрникохиро манъ кардааст. Вакте, ки аз ин хусус ба макомоти хифзи хукук шикоят мекунанд, онхо далели хаттии тасдикшуда талаб менамоянд. Мардхои бисёрзана хам аблах нестанд, ки никохи дуюму сеюмашонро расман ба кайд дароранд. Махсусан дар холе, ки худ конунхоро дониста, кодиранд ба осони онро ба манфиати худ тафсир кунанд. Ва мансабдорони дигари ба онхо монанд ё хамкасб ба дифои эшон хамеша омодаанд.

Пас муносибат бо чунин афроди бехабар аз хукукхои хеш (холати аввал) ва нафароне, ки конунро ба манфиати худ истифода мекунанд (холати дуввум) чи гуна бояд бошад? Маълум аст, ки нафароне аз холати дуввум дар чомеаи имруза мавкеи мувофик дошта, худро чандон бад хис намекунанд. Ва касе шикояти онхоро аз ноомади зиндаги нашунида. Он чи маро водор сохт то калам ба даст бигирам, ин мавкеи нафароне аз холати аввал аст. Бо эшон чи бояд кард? Бале, айнан хамон саволи маъмул: Чи бояд кард?

Ба Захро ва хамкисматони у ки кумак намуда метавонад? Магар онхо як чузъи чомеаи начандон мукаммали вокеии мо нестанд? Оё конунгузории имрузаи точик хукуки маънавии сарфи назар намудани чунин шахрвандонро дорад? Умуман ки чавобгар аст барои саргардонихои бехудаи Захро? Танхо худи у? Сохибмансабе, ки вазифаи чониаш хифзи хукуки шахрвандон аст, худ онро устокорона поймол месозад. Занони зиёдро мисли ашё бо максадхои шахвониаш истифода намуда, пасон дур мепартояд. Ва оё чоиз аст мо Точикистонамонро мамлакати хукукбунёд хисобем, то даме, ки чунин ашхос сари мансаб аст?

Акнун ба сари масъала меоем: То кай мушкилоти мавчударо дидаву дониста худро ба нодони мезанем? Аз минбархои баланд руи миз мушт зада мегуем, ки бисёрникохи чиноят аст ва вайронкунандагони конун хатман чазо мебинанд, вакте шумораи зиёди намояндагони макомоти хифзи хукук ва хатто макомоти конунбарори мамлакат худ ду ва ё зиёда зан доранду инро аз касе пинхон хам намедоранд. Чи гуна эхсосоте шуморо фаро мегирад вакте мебинед, ки шахси дузана барандаи барномаи хукукии яке аз телевизионхои хукумати асту оиди волоияти конун харф мезанад? Фардо мебинед, ки таги чашмони зани дуюмаш аз зарби шаллоки у кабуд аст.

Ва ё бигирем созмонхои гайридавлатиеро, ки даъвои хифзи хукуки занонро доранд. Онхо худро кисми бомаърифаттароини миллат шумурда, мутобики лоихахои осмониашон бояд ба занони ╚аз тараккиёт кафомондаи кишлоки хукукхояшонро омузонанд ва ё барои хифзи хукуки онхо мусоидат намоянд╩. Дар асл бошад, аз бадбахтии ин ╚конунбехабарон╩ ╚жить╩ мекунанд: маоши хуб мегиранд, хонахо мехаранду ба мамолики хорич сафар мекунанд.

Биёед боре аз мавкеи Зафарови сармаст неву аз мавкеи бародар, падар ва писари Захро, билохира, аз мавкеи ╚муштипарона╩-и худи Захро андеша ронем. Агар бо духтар, хохар ва ё модари шумо чунин муносибатро раво бубинанд, магар ором буда метавонистед? Захро низ модар асту тарбияи тифлаке бар ухдааш. Ки кафолат дода метавонад, ки фардо он тифлак марди баркамол шудаву ба волоияти конун дар кишвари махбубаш бовар хохад кард? Хангоме, ки тачрибаи хаётии модараш ба у тамоман акси холро талкин менамояд. Ва аминам, ки шумораи чунин бахтбаргаштагон ангуштшумор нест. Бино бар он, хагоме, ки Захро ╚конун нест╩ мегуяд, ман бо у то як андоза рози нашуда наметавонам.

ЮСУФ МАХМАДОВ

P. S.: Кахрамонхои макола шахсоне вокеи буда, имруз миёни мо зиндаги доранд. Максади таълифи макола гунахкор намудани як шахс набуда (дар акси хол нисфи мансабдорони точикро ба чавобгари кашидан лозим меояд), балки ошкор сохтани маризии чомеаи имрузаи мост, ки табобати таъчилиро мехохад.

______________________________________________________________________________________

Ба озмуни САХА миёни донишчуён оиди масъалахои чендер

Нобаробари

Аз минбари баланд барраси намудани масъалаи баланд бардоштани мавкеи зан дар чомеа ва фарохамоварии имконоти баробари инкишоф барои занону мардон икдоми неке буд аз чониби рохбари давлати Точикистон. Зеро, шояд тавассути ин икдоми начиб занони сохибмаълумот тавонанд дар сохахои мухталиф дар катори мардон кор кунанду дар чомеа мавкеи муайянеро ишгол намоянд. Инчунин занон ва духтароне, ки маълумоти оли ё ин ки миёна надоранд, имкон пайдо созанд то дар донишгоххо ва мактабхои махсус тахсил намуда, сохиби маълумот гарданд ва ба манфиати чамъият ва барои аз бухрони иктисоди баровардани Точикистон сахм гузоранд.

Мутаассифона, имруз на хама гуфтахои зикршуда дар амал тадбик мегарданд. Зеро алхол аксари мардон ба чунин ранг гирифтани вазъ муросо карда наметавонанд. Яъне ╚чендери╩ нестанд. Онон, ки хамеша дар чомеа мавкеи хукмрон доштанд, бо хеч вачх намехоханд, ки ╚гуломони халка бар гуш╩-и худро аз даст диханд. Бисёреашон холо хам колабхои кухнашудаи беасосро дунболаири намуда, мегуянд: ╚духтара худаш чию хонданаш чи?╩ Ё бо лахни дигари хамин мазмун мегуянд: ╚вазифаи зан дар хона нишастан ва тарбия намудани фарзандон аст╩. Пеш аз хама тарбияи фарзандон вазифаи оилаи мукаммалест, ки хам аз марду хам аз зан таркиб меёбад. Аммо дар ин асно низ зани аз хаёт кафомонда ва аз вазъи чомеа бехабар чи гуна фарзандонро тарбия намуда ба ╚хизмат╩-и чомеа пешкаш месозад? Агар насли чавонро, ки аслан зери тарбияи модарон ба воя мерасанд, фардои худ хисобем, пас метавон чунин хулоса намуд: мушкили занон танхо мушкили худи онхо набуда, мушкилии чомеаи имрузаи точик аст.

Ба акидаи аксари мутлаки занони точик, ки хар руз ба чунин муносибат дучор меоянд, занон якчанд зина аз мардон пастанд ва бо онхо баробар шуданашон дар гумон аст. Чунин ╚хулосабарории занона╩ натичаи ру ба рушавии харрузаи зан бо тахкиру хушунат аз чониби мард аст, ки ба хукми анъана даромадааст, ё аз чониби абаркудратон чунин ╚тархрези╩ гардидааст. Вакте сари ин мавзуъ бо занон сухбат меоростам , батадрич аёнам мегардид, ки ба чунин холат расидани занхо бештар натичаи он аст, ки шумораи зиёди занони точик дар бораи чи гуна хукукхоро доро будани худ маълумот надоранд ва намедонанд, ки дар вакти поймол шудани хукукхои онхо аз тарафи аъзоёни оила ба кучо мурочиат намоянд. Баъзеашон аз гапи халк тарсида, чунин тахкиру маломатро то охири умрашон тоб меоранд, боре хам нисбати хифзи кадру киммати худ ба касе дахон намекушоянд. Яъне ин корро ба худ айб медонанд.

Нобаробарии писару духтар √ ╚зан╩-у ╚мард╩-и оянда аз овони ба дунё омадани онхо ибтидо мегирад. Вакто, ки дар оила писар таввалуд мешавад, падар бо табъи болида хатман он рузро бо хамрохии дустону наздикон кайд мекунад. Агар дар оила духтар таввалуд шавад, кошу кавоки баъзе падарон то як мох овезон мегардад, ки ин холат худ нишонаи муносибати нобаробар нибати чинсхо аст. Хукукхое, ки писарон дар баъзе оилахо доранд, духтарон аз чор як хиссаи онро акаллан надоранд. Масалан писарон метавонанд, ки озодона бо падару модар сухбат карда, норизогии худро нисбати ин ё он масъалаи хаёти баён созанд. Духтарон бошанд аз истифодаи ин имконият куллан бахравар нестанд. Ва хар он чиро, ки падару модар мегуянд, бояд бечунучаро ичро намоянд. Ба ибораи маъмули халки ╚Мур гуянд, мемуранд, зих гуянд мезиянд╩.

Хангоми гузаронидани тадкикот дар нохияи Бохтар зани дехотие аз хаёти худ шиква намуда, чунин гуфт: ╚Дар оила як духтару якчанд писар будем. Бо вучуди духтари ягона буданам, аз он имтиёзхое, ки ба писарони ягона медиханд, харгиз бархурдор набудам. Бобоям ба бародаронам бо илтифоти махсус муносибат мекарданд, онхоро аз ман дида бештар навозиш менамуданд. Агар мехостам, ки хамрохашон ба ягон чо равам, он кас маро сарзаниш намуда, назди бародаронам мулзам месохтанд, яъне тахкир мекарданд. Барои маълумоти пурраи миёна гирифтанам хатто ичозат надоданд. Вакте, ки калонтар шудам, ба кору бори хона гарк гардида, ба хайвони фармонбардори хонагие табдил ёфтаму аз хаёти чамъияти пурра барканор мондам╩.

Айни хол дар чомеъаи анъанавии точик чунин мисолхо кам нестанд. Шумораи занони ба зуроварии хамарузаи оилави дучормешуда низ хеле зиёд аст. Мардон чабру маломатро нисбати хохарон, занон ва духтарони хеш чунон арзони медоранд, ки хар сари кадам бо он дучор омадан мумкин аст. Ва касе ╚пишаки онхоро пишт намегуяд╩. Барои тасдики ин гуфтахо мехохам аз хаёти оилавии зане мисол биёрам.

Дар хамсоягии мо дер боз зану шавхаре зиндаги мекунанд. Онхо аллакай фарзандони баркамол доранд. Хаёти ин зан доимо зери тахкиру маломат карор дорад. Зан дар муасиссае фаррош шуда кор мекунад, мард бошад, айни замон - бекорхуча. Мард он музди ночизеро, ки зан ба ивази мехнати гаронаш ба даст меорад, кашида мегирад ва машруботи спирти нушида, ╚кайфу сафо╩ мекунад. Пас ба хона масту аласт омада, зану фарзандонашро зери мушту лагад мегирад. ╚Марди хонадон╩ ё ба ибораи дигар, ╚хучаини хона╩ то маоши навбатии хамсараш мутазир нашуда, ашёхои рузгорашро бурда мефурушад то лахзаяке сархуш гардад. Аз чунин зиндаги косаи сабри зан лабрез гардидаву бармахал пир гаштааст. Инак, дар яке аз маъракахои занона бухси дилашро кафонда, гирякунон чунин гуфт: ╚Аз зиндаги бо хамин марди разил ва бефахм чуз шаттаву шаллок чизе надидаам. Ба дугонахою хамсояхоям назар мекунаму, зиндагии хушбахтонаи онхоро дида, хавасам меояд. Майлаш, ба ман куртахои киматбахою тилловори нахарад, хонаи зебо насозад. Акаллан рузам дихад, дар хамин кулбаи хоксоронаи худ зиндагии тинчу осудаеро пеш бубарам┘╩.

Ин орзуи як зане мебошад, ки ба чуз гаму гусса аз шавхари худ чизе надидааст ва зиндагии худро пучу бехосил мехисобад. Вале мавчудияти фарзандон ва ╚шарм аз мардум╩ уро водор месозанд, ки бо чунин ╚кисмат╩-и талх муросо созад. Бинобар хамин зан боре хам ба идорахои расми шикоят накардааст. Шояд у аз руи маколи халкии ╚курбокка шуй дорад, обуруй дорад╩ амал мекунад┘

Насли нави Точикистони мустакил набояд чихати чунин ╚бемори╩-и кишвари худ бетафовут бошад. Акнун вакти он расидааст, ки ба зан на хамчун ╚зан╩, балки, пеш аз хама, хамчун инсони комилхукук муносибат намоем. Ман ба ин самт кадамхои аввалинро нихода, хамсолони худро ба тарафдории чунин амали инсондустона ва боадолатона даъват менамоям.


Шифо Шералиева,
донишчуи Донишгохи омузгории ба номи Носири Хусрав ш. Кургонтеппа,
аъзои Иттиходияи Чамъиятии ╚РУШД╩ вилояти Хатлон

______________________________________________________________________________________

БА ОЗМУНИ
МУШКИЛОТИ ЧЕНДЕРИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
АЗ НИГОХИ ЧАВОНОН


Хукуки Зан ба Моликият
Зикрулло Насруллоев, донишчуи соли саввуми бахши Хукукшиноси-Омузгори
Донишгохи ш. Кургонтеппа


Дар чумхурии мо тули панч соли охир зиёда аз 12.000 оилахо аз хам чудо шуданд . Агар ба хисоби миёна хар оила чор нафари аъзо дошта бошад, пас тахминан 48.000 нафар шахрванди чумхури аз ин чудошавихо азият кашида, аксари аъзоёни оилахои чудогардида дучори зарбахои рухони мешаванд. Аксаран дар натичаи пошхурии оилахо занон ба мушкилоти рузмарраи пас аз талок ру ба ру меоянд. Муаллифи маъруза чунин мепиндорад, ки мушкилоти рузафзуни пасазталокии занон бештар ба помолшавии хукуки зан ба моликият алокаманд аст.

Биёед як ба хаёти зани мукаррарии точик, ки пурра пойбанди анъанаву одатхои кадима аст ва махсусан ба масъалаи сохибмулк будан ва ё, бехтараш, набудани у дар тули зиндагиаш назар афканем. Падаре, ки завчааш танхо духтар таваллуд мекунад, худро ╚каландар╩ мешуморад, ки маънои аслиаш бе меросхур мондан аст. Чаро мерос танхо ба писарон дода мешавад? Ва чаро хатто масъалаи ба кадом писар додани хонаву чой, ва умуман, хама гуна масъалаи таксими мерос танхо аз чониби падар ва ё мардони хона хал карда мешавад? Мавкеи зан дар халли масъалаи моликият чи гуна аст? Ин чо муаллиф нисбати конунгузории чории мамлакат ва мавкеи расмии Хукумати Точикистон эроде нагирифта, бештар дар мавриди вазъи мавчудаи вокеи фикр меронад.

Зинаи аввал: ╚Духтар моли кас╩. Яъне дар оила у монанди мехмонест, ки муваккатан ба сар бурдаву хох-нохох рузе тарки ин манзил менамояд. Новобаста ба он, ки дар бучаи оила чи гуна сахм гузоштааст, касе оиди то кадом андоза ба моликияти оилави хакбар будани у фикр намекунад. Ин хол то андозае ба анъана табдил ёфтааст, ки агар раваду духтаре ба моликияти хонаи волидон даъво кунад, хешу табор аз у ранчида, уро ╚бешарму бехаё╩ ва хоказо ном мебаранд.

Зинаи дуввум: ╚Зани фалони╩. Дар зинаи дуввум ╚духтари фалони╩ ба ╚зани фалони╩ табдил меёбад. Ва боз хамон ахволи сохибмулк набудан дар шакли дигар такрор меёбад. Хангоми талок хатто зани даххо сол зиндагии оилави бурда ва 3-4 фарзанд дошта низ бе молу мулк мемонад ва ба хонаи волидон бармегардад. Дар ин маврид муаллифи маъруза моххои январ √ феврали соли 2003 дар тадкикоти сотсиологи оиди масъалаи мушкилоти пасазталокии занон ширкат варзид . Тули солхои 2001 √ 2002 дар нохияи Бохтар тавассути макомоти суд 52 оила аз хам чудо шудаанд . Аз ин шумора танхо дар 15 холат занон сохиби мулк гардиданду халос. Дар сурати талоки гайрирасми бошад, занхо аксаран бе молу мулк мемонанд.

Миёни ходисахои бархамхурии оилахои гайрирасми низ кушишхои занон нисбати баркарор намудани хукукхои хеш ба назар мерасанд. Масалан, дар соли 2001 8 ходисаи мурочиат ба суди шахри Кургонтеппа аз чониби завчахои гайрирасми оиди баркароркунии хукуки фарзанди мушохида гардид, ки дар як холат таксими моликият гузаронида шуда ва дар як холати дигар зани даъвогар сохиби манзил гардид. Аз шаш ходисаи мурочиат ба суди хамин шахр дар соли 2002 бошад, хамаги дар як холат таксими моликият гузаронида шуд. Вакте сухан оиди ин ду худуди маъмурии иборат аз 240.000 (Бохтар √ 180.000, Кургонтеппа √ 60.000) ахоли меравад, мисолхои овардаи мо катраеро ба бахр мемонанд. Хулоса, дар зинаи дуввум низ зан симои хосаи худро пайдо накарда, боз хам тобеи марди дигаре ва бе моликият мемонад.

Зинаи саввум: ╚Модар╩. Бо вучуди хамду санои зиёд ба модарон ягон фарзанде оиди сохибмулк будани модар фикр намеронад. Ва масъалаи таксими мероси волидонро аслан падар ва ё писарон байни худ хал мекунанд.

Дар забони точики калимахои ╚муштипар╩ ва ╚заиф╩ хамрадифи мафхуми зан дониста мешаванд. Як муйсафеди шиносам, ки сари чанд вакт ба хабаргирии духтараш ба деха рафта меояд, сари гап мегуяд: ╚хамон очизаякамро як хабар гирифта омадам╩. Занро инчунин нимаи дуввуми инсоният (ачиб, чаро якум не?) меноманд. Тули инкишофи чомеа чунин холате ба вукуъ пайвастааст, ки зан тадричан хам аз чихати ичтимои ва хам аз чихати иктисоди тобеъи мард гардидааст.

Ин тобеъият махсусан дар холати пошхурии оилахо баръало мушохида мегардад. Духтар ба хамсари марде табдил меёбаду аз тобеъияти падар ба тобеъияти шавхар мегузарад. Дар харду холат хам у дар оила хукуки карор кабул карданро надорад. Дар аксар маврид келини чавон дар истехсолоти чамъияти ширкат наварзида, ба шавхар ва аъзои оилаи у хизмат мекунад, фарзанд ба дунё меорад. Тачрибаи аксари кулли ахолии Точикистон нишон медихад, ки дар холати аз шавхар чудо шудан занон ба хонаи волидонашон бармегарданд ва сарбории хешу авлод мегарданд. Аз шавхар бошад, ба гайр аз алименти ночиз чизи дигаре намегиранд. Хамин тарик, занчири ╚тебеияти зан дар оила╩ такрор меёбад. Кушиши занон барои пайдо намудани мавкеи хеш дар зиндаги ва мустакилияти вокеиро сохиб гардидан на хамеша бобарор анчом меёбад. ╚Нокомгаштагон╩ аксар вакт ба худфуруши ру меоранд, зани дуввуми марде мешаванд ва ё ба худкуши даст мезананд.

Тобеъияти иктисоди асоси пойбандсозии занон ба мардон аст. Зани аз чихати иктисоди мустакил метавонад аз чихати ичитимои ва сиёси низ истиклолият ба даст орад. Пас бояд сари ин масъала чиддитар андеша намоем.

Сурога:
ш. Кургонтеппа, кучаи ба номи Аминчон Расулов, 70, хучраи 8
Телефон барои тамос: (3222) 2 60 80 (хамсоя)

You may find us at: 94/27 Aini Str. Kurghonteppa 735140 Tajikistan Tel: (992 3222) 2 54 54
E-mail yusufifaizali@yahoo.com
Программа расширения доступа и обучения в Интернет (IATP) - это программа Бюро по вопросам образования и культуры (ECA) Госдепартамента США, финансируемая в рамках Акта в поддержку свободы (FSA). IATP администрируется Советом по международным исследованиям и обменам (IREX).