|
|||||
|
Ба озмуни САХА миёни чавонон оиди масъалахои чендер
Чуноне, ки тачрибаи рузмарраи хаммилатони мо исбот месозад, имрузхо бо сабаби паст будани сатхи зиндаги - аз кор мондани заводу фабрикахо, бекор хобидани саноати истехсоли, умуман ба бухрони шадид дучор гардидани иктисодиёти кишварамон, кариб 40% ахолии коршоями Точикистон тарки ватан намуда, ба давлатхои хамсоя ва хорича барои дарёфт намудани кутти лоямуте, барои аз гуруснаги ворахонидани ахли оилаи худ мухочирони мехнати гаштаанд. Барои тасдики фикрхои дар боло зикршуда мехохам аз шунида ва хондахои
худ чанд далел биёрам. Масалан, бо шуниди ман шумораи зиёди шахрвандони
точик барои мардикори ба давлати Руссия рафтаанд ва онхоро дар он чо
бар ивази маблаги ночизе дар корхои вазнини каммаош ва баъзан бемаош
истифода мекунанд. Точикон дар ин давлат аксаран мавриди тахкиру маломат
ва азобу шиканча карор доранд. Хачвнигори сохибэхтироми Русия Михаил
Задорнов тамоми толорро аз ханда рудакан намуда мегуяд: ╚Эълон дар кучахои
Маскав: Оилаи покизаниходи точик иборат аз 17 нафар хучраи якхонагии
коммуналиро ба ичора мегирад╩. Бале, ин хакикати талхест, ки як чониби
ин мазхакаро ба хандидан ва чониби дигарашро ба гиристан водор месозад. Бадастории истиклолият, чанги тулонии шахрванди ва мушкилоти иктисодии бо он марбут боиси тавлиди падидахои номатлубе гардидиданд, ки чомеаи точик барои кабули он тайёр набуд. Яке аз чунин ╚навгони╩-хо дар чомеаи муосири точик одамрабои ва ё одамфуруши аст, ки таърихи нангин доштаву ба хаёти харрузаи мо батадрич ворид гардида истодааст. ┘Маккорае дар либоси зани шахри ба дехоти атроф рафта, ба занони чавон мегуяд, ки вай онхоро ба чумхурии Казокистон - яке аз далатхои собик Иттиходи Шурави ба пахтачини мебараду дар ончо ба онхо бар замми маоши хуб боз се вакт хуроки гарм, чои хоб ва сару либоси кори хоханд дод. Таърифу тавсифи он маккора кора карду шумораи зиёди занони чавон озими сафари кишвари ноошно гардиданд. Дар фурудгохи Алмаато онхоро марди ношиноси мугулнамое пешвоз гирифт. Зан хамрохонашро танхо гузошта, бо он мард алохида сухбат намуд. Баъди муддате шиносномахои хамсафаронашро ба дасти у супурд. Бо бахонаи ╚аком шуморо то чои даркори мебаранд╩ ба занхо падруд гуфту худаш гайб зад. Мард занхоро ба хочагии пахтапарварие бурд. Рузи аввал онхоро хело хуш
пазируфтанд, бо се вакт хуроки гарм, сару либос, чои хоб таъмин намуданд.
Занхо фикр мекарданд, ки ин холат то ба охир чунин давом хохад кард.
Лекин, мутаассифона, дар рузи дуввум хама чи тагйир ёфту хушунат аз болои
онхо сар шуд. Бо хуроки додаи сохибкорон занхои чавон на сер мешуданду
на аз гуруснаги мемурданд. Илова бар ин онхоро шабу руз кор мефармуданд:
рузона пахта мечиданду шабона накши фохишаро мебозиданд. Харчанд, ки васоити ахбори омма нисбати ходисоти одамрабои бонги хатар мезанад, шумораи фирефтагон зиёд гардида истордаасту кам не. Чанд руз пеш Иттиходияи Чамъиятии ╚Ахтари Бахт╩ дар шахри Кургонтеппа силсилаи семинархоро барои чавонон оиди масъалаи одамрабои ва мухочирати мехнати ба анчом расонд. Муаллифи ин сатрхо низ яке аз иштирокдорони ин чорабинии маърифати будам. Ва гумон мекунам имруз ахли чомеаро ба мубориза зидди ин зухуроти нангин, ки шаъни инсониро паст задаву боиси садамахои рухони мегардад, сафарбар кардан айни муддао мебуд.
|